нархи помидор дар душанбе
Нархҳои моҳи сентябр: орд қимату помидор арзон шуд
Ба сурати умум дар Тоҷикистон болоравии арзиши маҳсулоти ғизоӣ идома дорад.
Дар муқоиса бо моҳи сентябри соли гузашта дар Тоҷикистон орд, гӯшт, ширу биринҷ қимат шуда, нарх ба дигар маҳсулот ба таври назаррас поин рафт.
Нархи миёнаи 1 кило помидор соли гузашта дар бозорҳои пойтахт 5,3 сомонӣ буда, имсол ба 2,95 сомонӣ баробар аст.
Дар маркази вилоятҳо нархи арзонтарин ба маҳсулоти хӯрокворӣ дар Хуҷанд ба мушоҳида расида, Хоруғ шаҳри гаронтарин аст. Нисбат ба соли гузашта дар Бохтар нархи маҳсулоти ғизоӣ каме боло рафтааст.
Байни ноҳия ва шаҳрҳо нархҳои нисбатан арзон дар бозорҳои Истаравшан ва Ҳисор ва қимат дар Рашту Ванҷ ва шаҳри Турсунзода ба қайд гирифта шудааст.
Тибқи маълумоти Агентии омори назди президенти ҶТ, нархҳои миёна ба чанде аз маҳсулоти ғизоӣ бо сомонӣ ба ҳолати 4 сентябр тариқи зайл аст:
Картошка
Душанбе – 3,25 с барои 1 кг
Байни ноҳия ва шаҳрҳо:
Аз ҳама арзонтар – Истаравшан – 2,60
Аз ҳама қиматтар – Ванҷ – 4,00
Карам
Душанбе – 3,25 барои 1 кг
Байни ноҳия ва шаҳрҳо:
Аз ҳама арзонтар – Ҳисор, Истаравшан, Ғафуров, Конибодом, Ёвон – 2,50
Аз ҳама қиматтар – Рашт – 4,00
Пиёз
Душанбе – 1,40 барои 1 кг
Байни ноҳия ва шаҳрҳо:
Аз ҳама арзонтар – Ҳисор– 1,00
Аз ҳама қиматтар – Ванҷ – 2,00
Сабзӣ
Душанбе – 2,35 барои 1 кг
Байни ноҳия ва шаҳрҳо:
Аз ҳама арзонтар – Истаравшан, Исфара, Конибодом, Ҳамадонӣ– 2,00
Аз ҳама қиматтар – Ванҷ – 2,80
Помидор
Душанбе – 2,95 барои 1 кг
Байни ноҳия ва шаҳрҳо:
Аз ҳама арзонтар – Панҷакент– 1,50
Бодиринг
Душанбе – 3,00 барои 1 кг
Байни ноҳия ва шаҳрҳо:
Аз ҳама арзонтар – Исфара, Ғафуров– 1,80
Душанбе – 9,75 барои 1 кг
Байни ноҳия ва шаҳрҳо:
Биринҷ
Душанбе – 13,60 барои 1 кг
Байни ноҳия ва шаҳрҳо:
Равған
Душанбе – 12,60 барои 1 литр
Байни ноҳия ва шаҳрҳо:
Гӯшти гов
Душанбе – 51,00 барои 1 кг
Байни ноҳия ва шаҳрҳо:
Аз ҳама арзонтар – Ванҷ – 46,00
Аз ҳама қиматтар – Турсунзода – 55,00
Гӯшти гӯсфанд
Душанбе – 50,50 барои 1 кг
Байни ноҳия ва шаҳрҳо:
Аз ҳама арзонтар – Ванҷ – 46,00
Аз ҳама қиматтар – Ғафуров, Конибодом – 60,00
Душанбе – 4,50 барои 1 литр
Байни ноҳия ва шаҳрҳо:
Аз ҳама арзонтар – Ваҳдат, Панҷакент, Кӯлоб, Панҷ, Ҳамадонӣ, Балхӣ, Ёвон – 3,00
Аз ҳама қиматтар – Рашт – 4,60
Тухм (10 дона)
Байни ноҳия ва шаҳрҳо:
Аз ҳама арзонтар – Ваҳдат, Конибодом – 7,00
Аз ҳама қиматтар – Рашт – 10,00
Шакар
Душанбе – 6,30 барои 1 кг
Байни ноҳия ва шаҳрҳо:
Аз ҳама арзонтар – Конибодом – 6,20
Аз ҳама қиматтар – Рашт, Турсунзода, Балхӣ, Ҳамадонӣ, Восеъ, Ёвон, Ванҷ – 7,00
Орди навъи 1-ум
Душанбе – 4,55 барои 1 кг
Байни ноҳия ва шаҳрҳо:
Аз ҳама арзонтар – Истаравшан – 4,36
Аз ҳама қиматтар – Ванҷ – 5,20
Нон (хлеб, булка) аз орди навъи 1-ум (400 грамм)
Байни ноҳия ва шаҳрҳо:
Аз ҳама арзонтар – Истаравшан – 2,20
Аз ҳама қиматтар – Ванҷ – 5,00
Дар ҳамин ҳол, сатҳи таваррум дар бозори истеъмолии кишвар аз оғози сол 4,8%-ро ташкил дод.
Нарху тарифҳо дар Тоҷикистон дар моҳҳои январ-августи соли ҷорӣ ба андозаи 4,8% боло рафтанд, хабар медиҳад Агентии омори назди президенти ҶТ.
Кадом маҳсулот аз ҳама зиёдтар қимат шуд?
Маҳсулоти озуқаворӣ:
маҳсулоти нонӣ – 12,2%;
Маҳсулоти ғайриозуқа:
маҳсулоти дорусозӣ (фармасевтӣ) – 8,5%;
воситаҳои шустан – 7,3%;
масолеҳи сохтмон – 5,6%.
Хизматрасониҳои пулакӣ:
Сафар бо нақлиёти ҳавоӣ – 30%;
Хизматрасониҳои маишӣ – 2,2%.
Ҳукумат ният дорад, ки соли равон мизони таваррумро дар бахши истеъмолӣ дар сатҳи 7% нигоҳ дорад. Соли 2019 сатҳи таваррум 8%-ро ташкил дод.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Нархҳои моҳи сентябр: орд қимату помидор арзон шуд
Ба сурати умум дар Тоҷикистон болоравии арзиши маҳсулоти ғизоӣ идома дорад.
Дар муқоиса бо моҳи сентябри соли гузашта дар Тоҷикистон орд, гӯшт, ширу биринҷ қимат шуда, нарх ба дигар маҳсулот ба таври назаррас поин рафт.
Нархи миёнаи 1 кило помидор соли гузашта дар бозорҳои пойтахт 5,3 сомонӣ буда, имсол ба 2,95 сомонӣ баробар аст.
Дар маркази вилоятҳо нархи арзонтарин ба маҳсулоти хӯрокворӣ дар Хуҷанд ба мушоҳида расида, Хоруғ шаҳри гаронтарин аст. Нисбат ба соли гузашта дар Бохтар нархи маҳсулоти ғизоӣ каме боло рафтааст.
Байни ноҳия ва шаҳрҳо нархҳои нисбатан арзон дар бозорҳои Истаравшан ва Ҳисор ва қимат дар Рашту Ванҷ ва шаҳри Турсунзода ба қайд гирифта шудааст.
Тибқи маълумоти Агентии омори назди президенти ҶТ, нархҳои миёна ба чанде аз маҳсулоти ғизоӣ бо сомонӣ ба ҳолати 4 сентябр тариқи зайл аст:
Картошка
Душанбе – 3,25 с барои 1 кг
Байни ноҳия ва шаҳрҳо:
Аз ҳама арзонтар – Истаравшан – 2,60
Аз ҳама қиматтар – Ванҷ – 4,00
Карам
Душанбе – 3,25 барои 1 кг
Байни ноҳия ва шаҳрҳо:
Аз ҳама арзонтар – Ҳисор, Истаравшан, Ғафуров, Конибодом, Ёвон – 2,50
Аз ҳама қиматтар – Рашт – 4,00
Пиёз
Душанбе – 1,40 барои 1 кг
Байни ноҳия ва шаҳрҳо:
Аз ҳама арзонтар – Ҳисор– 1,00
Аз ҳама қиматтар – Ванҷ – 2,00
Сабзӣ
Душанбе – 2,35 барои 1 кг
Байни ноҳия ва шаҳрҳо:
Аз ҳама арзонтар – Истаравшан, Исфара, Конибодом, Ҳамадонӣ– 2,00
Аз ҳама қиматтар – Ванҷ – 2,80
Помидор
Душанбе – 2,95 барои 1 кг
Байни ноҳия ва шаҳрҳо:
Аз ҳама арзонтар – Панҷакент– 1,50
Бодиринг
Душанбе – 3,00 барои 1 кг
Байни ноҳия ва шаҳрҳо:
Аз ҳама арзонтар – Исфара, Ғафуров– 1,80
Душанбе – 9,75 барои 1 кг
Байни ноҳия ва шаҳрҳо:
Биринҷ
Душанбе – 13,60 барои 1 кг
Байни ноҳия ва шаҳрҳо:
Равған
Душанбе – 12,60 барои 1 литр
Байни ноҳия ва шаҳрҳо:
Гӯшти гов
Душанбе – 51,00 барои 1 кг
Байни ноҳия ва шаҳрҳо:
Аз ҳама арзонтар – Ванҷ – 46,00
Аз ҳама қиматтар – Турсунзода – 55,00
Гӯшти гӯсфанд
Душанбе – 50,50 барои 1 кг
Байни ноҳия ва шаҳрҳо:
Аз ҳама арзонтар – Ванҷ – 46,00
Аз ҳама қиматтар – Ғафуров, Конибодом – 60,00
Душанбе – 4,50 барои 1 литр
Байни ноҳия ва шаҳрҳо:
Аз ҳама арзонтар – Ваҳдат, Панҷакент, Кӯлоб, Панҷ, Ҳамадонӣ, Балхӣ, Ёвон – 3,00
Аз ҳама қиматтар – Рашт – 4,60
Тухм (10 дона)
Байни ноҳия ва шаҳрҳо:
Аз ҳама арзонтар – Ваҳдат, Конибодом – 7,00
Аз ҳама қиматтар – Рашт – 10,00
Шакар
Душанбе – 6,30 барои 1 кг
Байни ноҳия ва шаҳрҳо:
Аз ҳама арзонтар – Конибодом – 6,20
Аз ҳама қиматтар – Рашт, Турсунзода, Балхӣ, Ҳамадонӣ, Восеъ, Ёвон, Ванҷ – 7,00
Орди навъи 1-ум
Душанбе – 4,55 барои 1 кг
Байни ноҳия ва шаҳрҳо:
Аз ҳама арзонтар – Истаравшан – 4,36
Аз ҳама қиматтар – Ванҷ – 5,20
Нон (хлеб, булка) аз орди навъи 1-ум (400 грамм)
Байни ноҳия ва шаҳрҳо:
Аз ҳама арзонтар – Истаравшан – 2,20
Аз ҳама қиматтар – Ванҷ – 5,00
Дар ҳамин ҳол, сатҳи таваррум дар бозори истеъмолии кишвар аз оғози сол 4,8%-ро ташкил дод.
Нарху тарифҳо дар Тоҷикистон дар моҳҳои январ-августи соли ҷорӣ ба андозаи 4,8% боло рафтанд, хабар медиҳад Агентии омори назди президенти ҶТ.
Кадом маҳсулот аз ҳама зиёдтар қимат шуд?
Маҳсулоти озуқаворӣ:
маҳсулоти нонӣ – 12,2%;
Маҳсулоти ғайриозуқа:
маҳсулоти дорусозӣ (фармасевтӣ) – 8,5%;
воситаҳои шустан – 7,3%;
масолеҳи сохтмон – 5,6%.
Хизматрасониҳои пулакӣ:
Сафар бо нақлиёти ҳавоӣ – 30%;
Хизматрасониҳои маишӣ – 2,2%.
Ҳукумат ният дорад, ки соли равон мизони таваррумро дар бахши истеъмолӣ дар сатҳи 7% нигоҳ дорад. Соли 2019 сатҳи таваррум 8%-ро ташкил дод.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Нархи бензин 10 ва газ ба 6,5 сомонӣ расидааст
Ҳамин тариқ, нархи сӯзишворӣ дар вилояти Суғд ҳам гарон шудааст. Ронандагони ин минтақа менависанд, ки дар баъзе аз нуқтаҳои фурӯши сӯзишворӣ як литр газро наздик ба 6 сомонӣ ва дар ҷойҳои дигар аз он ҳам зиёдтар нарх гузоштаанд. Арзиши як литр бензинро 10 сомонӣ ва маводи сӯхти дизелиро 9 сомонӣ мегӯянд.
Тамоюли гароншавии нархи сӯзишворӣ дар кишвар аз оғози соли равон мушоҳида мешавад ва бо гузашти вақт ин рақам ҳамоно дар ҳоли болоравӣ аст. Навъи серистеъмолтаринии бензин – АИ-92 тайи моҳҳои январ-феврали сол дар Душанбе 15% гарон шуд ва барои 1 литр аз 6,5 то 7,5 сомонӣ расида буд. Шуруъ аз оғози март нархи ин навъи бензин боз 4% боло рафта, ба 7,8-7,9 сомонӣ барои 1 литр баробар шуд. Ҳамин тариқ, бо гузашти моҳҳо нархи ин навъи сӯзишворӣ баландтар шуд ва дар зарфи 6 моҳи соли ҷорӣ ба андозаи 44,5% афзоиш ёфт. Танҳо давоми як моҳи охир бензин дар нуқтаҳои фурӯши сӯзишворӣ 2,2% қимат шудааст.
Инчунин, дар нимсолаи аввали соли ҷорӣ, бино ба маълумоти Агентии омор, дигар навъҳои сӯзишвории автомобилӣ низ хеле қимат шуданд: сӯзишвории дизелӣ – ба андозаи 31,7% ва гази моеъ – 20,1%.
Гуфта мешавад, ки тӯли 6 моҳи соли равон ба Тоҷикистон ба маблағи умумии ҳудуди 146 млн доллар наздики 262 ҳазор тонна маҳсулоти нафтӣ ворид шуд. Ҳаҷми воридот дар муқоиса бо ҳамин давраи соли гузашта аз рӯйи вазн ба андозаи 11% ва аз лиҳози арзиш 1,1% кам шуд.
Қобили зикр аст, ки ба Тоҷикистон маъмулан 3 навъи бензин ворид ва фурӯхта мешавад: АИ-92, АИ-95 ва АИ-98.
Коршиносон беқурбшавии асъори миллиро, ки тайи соли охир нисбат ба доллар ба андозаи 16,6% (қурби расмӣ) поин рафт, яке аз сабабҳои асосии гароншавии нархи сӯзишворӣ медонанд. Воридкунандагони ин навъи маҳсулот дар хориҷа сӯзишвориро бо асъори хориҷӣ харида, дар нуқтаҳои фурӯши дохили кишвар бо сомонӣ мефурӯшанд.
Аммо мақомоти Тоҷикистон ҳамвора таъкид мекунанд, ки қиматшавии нархи сӯзишворӣ дар кишвар ба нархи кишварҳои истеҳсолкунандаи он рабт дорад, вале тавре мушоҳида нишон медиҳад, давоми 10 соли охир дар кишварҳои истеҳсолкунандаи маводи сӯхт ин нарх бо каме фарқияти хурд иваз мешавад.
Зимни нишасти матбуотии 15 июл муовини аввали сардори Хадамоти зиддиинҳисории ҷумҳурӣ Сафаралӣ Қурбонзода сабаби болоравии нархи сӯзишвориро дар ҷумҳурӣ ба афзоиши қимати он дар кишварҳои истеҳсолкунанда ва коҳиши воридот вобаста ба он рабт дод.
“Моҳҳои январ ва феврали соли ҷорӣ арзиши бензини воридотӣ дар муқоиса бо ҳамин давраи соли пешин коҳиш ёфта, аз моҳи март боз афзуд. Ба ҳолати 12 июл нархи бензин дар нуқтаҳои фурӯши сӯзишворӣ аз 8,70 то 9,50 сомониро ташкил дода, ҳозир дар бозори ин навъи сӯзишворӣ камбуд нест”, – гуфт Қурбонзода.
Умуман, гаронии сузишвории автомобилӣ ба нархи тамоми молу маҳсулот таъсир мерасонад. Инро ҳадди аққал бо як сабаби оддӣ шарҳ додан мумкин аст, ки таҳвили ибтидоии молу маҳсулот аз як нуқта, масалан аз Ҳисор то Душанбе, тавассути роҳи автомобилӣ сурат мегирад ва ҳар қадар сӯзишворӣ гаронтар бошад, ҳамон қадар арзиши расонидани мол баландтар мешавад. Нафаре, ки ин маҳсулотро дар Душанбе мефурӯшад, бо назардошти болоравии нархи таҳвил, нархи онҳоро боло мебарад.
Бояд гуфт, ки маводу сӯзишворӣ, аз ҷумла бензину сӯзишвории дизелӣ (солярка) ва гази моеъро Тоҷикистон асосан аз Русия ва Қазоқистон, инчунин дар ҳаҷми начандон зиёд аз Ӯзбекистону Туркманистон ворид мекунад.
Дар Тоҷикистон 29 ширкати воридкунандаи маводи сӯзишворӣ ба қайд гирифта шудааст. Тибқи маълумоти Хадамоти зиддиинҳисорӣ, миёни ин ширкатҳо ҶДММ “Газпромнефт-Тоҷикистон” пешсаф буда, ҳудуди 40% аз ҳаҷми бензини воридотиро ба ҷумҳурӣ овардааст. Боз 11% аз ҳиссаи воридоти бензин ба кишвар ба ҶДММ “Сеганҷ” рост меояд.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
«Нафақа – 100 сомонӣ, гӯшт – 65 сомонӣ.» Рамазон дар Тоҷикистон бо баҳси нарх оғоз шуд. ВИДЕО
Рӯзи 13-уми апрел дар Тоҷикистон моҳи Рамазон оғоз шуд, аммо сокинон мегӯянд, дар ин моҳи барои мусулмонон муқаддас нархи маҳсулот, аз ҷумла гӯшт, дар бозорҳои кишвар якбора боло рафт.
Онҳо шикоят доранд, ки чунин вазъ ҳар сол мушоҳида мешавад ва зоҳиран ба одат табдил ёфтааст. Савдогарон мегӯянд, ҷилави пасту болоравии қиматҳо дар дасти онҳо нест.
Қиёси нархи маҳсулот бо пули ҷайби Мавлуда
Ҳоло нархи як кило гӯшт дар бозорҳои кишвар то 65 сомонӣ расида, қимати як халта орди навъи аъло 250 сомонӣ аст. Мавлуда, сокини шаҳри Душанбе, гуфт, ҳамагӣ сад сомонӣ нафақа мегирад ва нархи маҳсулот бо пули ҷайби ӯ қобили муқоиса нест.
Гӯшт аз маҳсулоти асосӣ ва серхарид дар моҳи Рамазон дар Тоҷикистон аст. Аксари онҳое, ки дар рӯзҳои дигар барои худ иҷозаи истеъмоли маҳсулоти гӯштиро намедиҳанд, кӯшиш мекунанд, дар ин моҳ ҳатман аз хӯрокҳои муқаввӣ ва гӯштӣ истифода кунанд.
Наворро дар ин ҷо тамошо кунед:
Боз Рамазон меояду боз нархи ғизо боло меравад
Феълан кор намекунад
Чора чист?
Аммо танҳо болоравии нархи гӯшту орду равған нест, ки сокинонро нигарон кардааст. Онҳо мегӯянд, дар ин шабу рӯз талабот ба сабзавот, аз ҷумла бодирингу помидор ҳам бештар ва ба афзоиши қимати онҳо сабаб шудааст.
Баъзе аз тоҷирон гуфтанд, сабзавот асосан аз хориҷ оварда мешавад ва эҳтимол ба ин сабаб нархаш гарон аст. Наргиза Охунова, фурӯшандаи бозори “Меҳргон” дар Душанбе, гуфт, баъди ба бозор ворид шудани помидору бодиринги кишорварзони тоҷик, мумкин аст, қимати он поин биояд.
Як кило нархи помидор аз 20 то 25 сомонӣ, бодиринг аз 13 то 15 сомонӣ аст.
Дар гузашта мақомот барои дар як сатҳ нигоҳ доштани нарх дар бозорҳо иддаеро боздошту ҷарима ва гуруҳеро ба инсоф даъват карда буданд, вале ба қавли сокинону таҳлилгарон “ин иқдом муассир набуд».
Имсол маъмурияти бозори “Меҳргон” бо роҳандозии ярмаркаҳо мехоҳанд, нархро дар як сатҳ нигоҳ доранд. Аз ҷумла, барои танзими нархи гӯшт, дар моҳи Рамазон, онҳо дар дӯконҳои алоҳида ба харидорон маҳсулоти арзон пешниҳод кардаанд. Нархи гӯшт дар он ҷо 52 сомонӣ муқаррар шудааст, вале баъзе аз харидорон аз сифат ва устухону чарбуи зиёдаш розӣ нестанд.
Фахриддин Холов, як масъули бозори “Меҳргон”, гуфт: “Маъмурияти бозор тасмим гирифт, дар моҳи Рамазон нархи гӯшт, орд, равған, шакар ва маҳсулоти дигари ниёзи аввал боло наравад. Аз ҳисоби захираҳое, ки аз тарафи шаҳрдорӣ ва ҳукумати кишвар ба бозорҳо бароварда шуд, кӯшиш мекунем, монеи афзоиши нарх шавем”.
«Кӣ мехоҳад, дуои баду дашном шунавад?»
Иқтисодшиносон мегӯянд, афзоиши нархҳо бо ҳар баҳона дар остонаи моҳи Рамазон беш аз даҳ сол боз миёни соҳибкорони тоҷик ба «анъана» табдил шудааст. Ҳадафи асосӣ, ба гуфтаи онҳо, “бо истифода аз фурсат, дарёфти даромади бештар аст”.
Баъзе аз тоҷирон мегӯянд, пасту болоравии қимати маҳсулот дар бозорҳо дар ихтиёри онҳо нест, чун маҳсулотро аз дигарон бо нархи баланд мегиранду бо каме фоида мефурӯшанд.
Яке аз тоҷирон бе зикри ном гуфт: «Мушкилро дар дигар ҷой ҷуст. Кӣ мехоҳад, дар ин моҳ дуои баду дашном шунавад? Шояд мақомот дар ин моҳ соҳибкоронро аз андозу иҷораи бозор озод кунанд ва он вақт нарх дар як сатҳ нигоҳ дошта шавад. Аз мо намепурсанд, ки чӣ гуна ва бо кадом пул кор мекунед, фақат мегӯянд, арзон кунед. Аз мо вобаста нест.»
Як рӯз пеш аз оғози Рамазон, раиси ҷумҳурӣ Эмомалӣ Раҳмон дар паёме аз тоҷирон хост, «молу маҳсулоти худро бо нархи арзонтар ва бо риояи меъёрҳои инсофу инсондӯстӣ ба фурӯш гузоранд».
Даъвате, ки ҳар сол садо медиҳад, аммо ба қавли баъзе аз тоҷирон «сабабҳои гарон шудани маҳсулот амиқ решаёбӣ ва барои ҳалли он расидагӣ намешавад».
Агентии авиатсия: Нархи билетҳо аз Тоҷикистон ба Русия то 50% арзон мешавад. Шумораи парвозҳо бо Русия афзоиш ёфт
Парвозҳои доимӣ қариб ба таври пурра бо Русия барқарор гардид, гуфтанд дар агентӣ
Русия бо Тоҷикистон шумораи парвозҳои мустақим миёни Душанбе-Маскавро то 14 парвоз зиёд кард. Акнун ҳар ҳафта дар хатсайри Душанбе-Маскав-Душанбе ширкати ҳавопаймоии ватанӣ “Сомон Эйр” 7 парвоз ва ширкати “ЮтЭйр” 7 парвоз анҷом медиҳанд, гуфта мешавад дар баёнияи Агентии авиатсияи граждании Тоҷикистон, ки нусхаи он ба идораи Your.tj дастрас гардид.
“Бо дархости ҷониби Ҷумҳурии Тоҷикистон ва қарори қабулнамудаи ҷониби Федератсияи Русия аз 27 августи соли 2021 парвозҳои мунтазами байналмилалӣ дар хатсайри Душанбе-Маскав-Душанбе аз 4 парвозӣ дар як ҳафта, ба 14 парвозӣ дар як ҳафта афзоиш дода мешавад”, – омадааст дар баёнияи Агентӣ.
Ҳамчунин дар баёния гуфта мешавад, ки дар баробари афзоиш ёфтани парвозҳои мунтазами байналмилалӣ дар хатсайри Душанбе-Москва-Душанбе, қарор қабул шудааст, ки аз фурудгоҳҳои байналмилалии Душанбе, Хуҷанд ва Кӯлоб ба фурудгоҳҳои байналмилалии Федератсияи Русия, ки парвозҳои байналмилалӣ дар ин фурудгоҳҳо барқарор шудаанд, як парвозӣ дар як ҳафта дар ҳамаи самтҳои барқароршуда амалӣ карда шаванд.
Ҳамчунин як манбаи муътамад дар Агентии авиатсияи граждании Тоҷикистон ба Your.tj гуфт, ки иҷоза додан барои як парвози ба ҳама шаҳрҳои Русия, ки иҷозаи қабули парвозҳои байналмилалиро доранд, метавон гуфт, ки парвозҳои доимӣ бо Русия қариб, ки пурра барқарор шудаанд.
“Аз се фурудгоҳи кишвар дар як ҳафта ба шаҳрҳои Новосибирск, Санкт-Петербург, Екатеринбург, Кемерово, Перм ва дигар шаҳрҳои бузурги Русия ширкатҳо метавонанд, ки як парвозӣ анҷом диҳанд. Ҳамчунин бо зиёд шудани шумораи парвозҳо арзиши чиптаҳо то 50% поин меоянд”, – гуфт ин манбаъ.
Дар баёния низ аз паст шудани нархи чипта гуфта мешавад, вале арзиши ниҳоии онро масъулин нишон надодаанд.
Ёдовар мешавем, ки замони барқарор шудани парвозҳои доимӣ миёни Душанбе ва Маскав, агентӣ арзиши билетро ба хатсайрҳои доимӣ аз Душанбе ба Маскав 350 доллар ва аз Маскав ба Душанбе – 150 доллар гуфта буд.
















